Дар Душанбе ташрифи вазири корҳои хориҷии Афғонистонро интизоранд

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Соли гузашта парлумони Афғонистон ӯро ба истеъфо фиристоданӣ буд, лекин нахутсвазир доктор Абдулло Абдулло аз ҳамсафи худ ҳимоя карда тавонист.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз 15 то 18 феврал роҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Зимни сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳамин ҳафта Салоҳиддин Раббонӣ бо сафар дар Маскав қарор дошта, бо ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо натиҷагирӣ аз ин вохӯрӣ намояндагони Кобул ба марҳилаи дуюми машваратҳо оид ба ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон даъват шудааанд, ки ин иқдом бо ташаббуси Маскав сурат гирифта, дар он бояд дипломатҳои Чину Покистон ва Эрону Ҳиндустон низ ширкат варзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...