Душанбе ва Боку алоқаи ҳавоиро барқарор карданианд

Asia-Plus

Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо – Душанбе ва Боку баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон, инчунин масъалаҳои вобаста ба тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди бахши хусусӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нимаи аввали соли равон баргузор шавад.

Қобили зикр аст, ки ин масъала охири моҳи сенябри соли гузашта дар вохӯрии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев баррасӣ шуда буд.

Шукурҷон Зуҳуров зикр карда буд, ки сарфи назар аз мавҷуд будани асоси хуби қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи паст қарор дошта, ба ин мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ монеа эҷод менамояд.

Қобили зикр аст, ки бар асоси мавҷуд будани созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе – Боку – Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба будҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр дубора мутаваққиф шуданд.

Хатсайри ҳавоии мунтазами Душанбе – Боку – Душанбе 10 июли соли 2012 ифтитоҳ гардида, вале дар робита ба нокофӣ будани талаботи мусофирон ба он, минбаъд амал намекард. Моҳи марти соли 2013 парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр дубора барқарор шуда, лекин бо сабаби дар боло зикршуда боз баста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...