Русия барои рушди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 6,6 млн. доллар ҷудо мекунад

Ҳукумати Русия давоми солҳои 2017-2019 аз ҳисоби буҷети федералӣ барои рушди низоми устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон то 6,6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, тибқи ин қарор, ҷудо шудани то 5,1 млн. доллар ба Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ҷиҳати маблағгузории хароҷоти марбут ба амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба […]

Asia-Plus

Ҳукумати Русия давоми солҳои 2017-2019 аз ҳисоби буҷети федералӣ барои рушди низоми устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон то 6,6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, тибқи ин қарор, ҷудо шудани то 5,1 млн. доллар ба Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ҷиҳати маблағгузории хароҷоти марбут ба амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба рушди низоми устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2017 – то 1,1 млн., соли 2018 – то 2 млн. ва соли 2019 – ҳамчунин то 2 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, то 1,5 млн. доллар ба Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ барои маблағгузории хароҷоти марбут ба амалисозии лоиҳаҳо оид ба дастгирии фермерон дар доираи ин лоиҳа ҷудо шуда, аз ин миқдор соли 2017 ҷудо шудани то 700 ҳазор ва соли 2018 – то 800 ҳазор доллар ба нақша гирифта шудааст.

Вазорати молияи Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар бояд тартиби гузаронидани маблағ ва истифодаи воситаҳои ҷудошударо бо Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ мувофиқа созанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.