Душанбе ва Боку алоқаи ҳавоиро барқарор карданианд

Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо – Душанбе ва Боку баррасӣ шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон, инчунин масъалаҳои вобаста ба тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди бахши хусусӣ, афзоиши гардиши […]

Asia-Plus

Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо – Душанбе ва Боку баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон, инчунин масъалаҳои вобаста ба тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди бахши хусусӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нимаи аввали соли равон баргузор шавад.

Қобили зикр аст, ки ин масъала охири моҳи сенябри соли гузашта дар вохӯрии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев баррасӣ шуда буд.

Шукурҷон Зуҳуров зикр карда буд, ки сарфи назар аз мавҷуд будани асоси хуби қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи паст қарор дошта, ба ин мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ монеа эҷод менамояд.

Қобили зикр аст, ки бар асоси мавҷуд будани созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе – Боку – Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба будҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр дубора мутаваққиф шуданд.

Хатсайри ҳавоии мунтазами Душанбе – Боку – Душанбе 10 июли соли 2012 ифтитоҳ гардида, вале дар робита ба нокофӣ будани талаботи мусофирон ба он, минбаъд амал намекард. Моҳи марти соли 2013 парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр дубора барқарор шуда, лекин бо сабаби дар боло зикршуда боз баста шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.