Баррасии масоили ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар ВКД Русия

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, то сафари Владимир Путин ба Душанбе талош мекунанд, созишномаҳоеро таҳия намоянд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудаанд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Русия, масъалаи афви муҳоҷирони мамнуъ-ул-вуруд, пардохти маоши онҳо ва ҷазоҳои маъмурии муҳоҷирон 8-уми феврал дар мулоқоти Сатторов бо ноиби […]

Хабаргузории «Озодагон»

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, то сафари Владимир Путин ба Душанбе талош мекунанд, созишномаҳоеро таҳия намоянд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Русия, масъалаи афви муҳоҷирони мамнуъ-ул-вуруд, пардохти маоши онҳо ва ҷазоҳои маъмурии муҳоҷирон 8-уми феврал дар мулоқоти Сатторов бо ноиби вазири умури дохилии Русия Александр Горов баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот Сатторов аз ҳамкории қудратиҳои Тоҷикистону Русия дар умури амният ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карда, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро ба миён гузоштааст. Сатторов хостори афви муҳоҷироне шудааст, ки барои ҳуқуқвайронкуниҳои сабуки маъмурӣ ва аксаран бори аввал аз Русия хориҷ шудаанд: “Дар маҷмуъ теъдоди муҳоҷироне, ки барои ҳуқуқвайронкуниҳио сабуки маъмурӣ дар Русия мамнуъ-ул-вуруд шудаанд, 128 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин дар ҳоли ҳозир масъалаи афви 68 ҳазор нафар дар миён аст. Аз ҷумла метавонанд муҳоҷироне афв шаванд, ки беш аз 2 сол дар феҳрасти мамнуъ-ул-вуруд қарор доранд”.

Ба гуфтаи сафири тоҷик дар мулоқот инчунин тарҳи созишномаҳое баррасӣ шуданд, ки дар назар аст, зимни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзо шаванд: “Бештар созишномаҳоеянд, ки ба таҳкими муносибатҳои иқтисодию гуманитарӣ равона шудаанд”.

Инчунин масъалаҳои интихобу сафарбаркунии муташаккили муҳоҷирони тоҷику масъалаи пардохти ҳаққи онҳо баррасӣ шудаанд, ки ба гуфтаи Сатторов агар ҷонибҳо ба мувофиқа расанд, созишномаҳо дар ин бора зимни сафари Путин ба Душанбе имзо хоҳанд шуд: “Мо умед дорем, ки то сафари Путин санадҳое имзо хоҳанд шуд, ё қарорҳое қабул мегарданд, ки воқеан ба нафъи муҳоҷирон хоҳанд буд. Ин масълаҳо дар ҳоли баррасиянд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.