Омӯзгорон низ ба оғози соли хониш аз 1 август чандон розӣ нестанд

Омӯзгорони ҷумҳурӣ аз пешниҳод дар мавриди аз 1 сентябр ба 1 август гузаронидани оғози соли хониш дар мактабҳо чандон розӣ нестанд ва ба гуфтаи онҳо, аз ин натиҷаи хубе ҳосил намешавад, зеро ҳама гап сари сифату шароити таҳсил аст. Шариф Муллоев, мудири кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд, […]

Asia-Plus

Омӯзгорони ҷумҳурӣ аз пешниҳод дар мавриди аз 1 сентябр ба 1 август гузаронидани оғози соли хониш дар мактабҳо чандон розӣ нестанд ва ба гуфтаи онҳо, аз ин натиҷаи хубе ҳосил намешавад, зеро ҳама гап сари сифату шароити таҳсил аст.

Шариф Муллоев, мудири кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд, тағйирот дар ҳама гуна бахшҳои ҳаёт танҳо дар ҳолате қобили пазироӣ мебошанд, ки агар онҳо ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ нигаронида шуда бошанд, вале ба вақти дигар гузаронидани оғози соли хониш танҳо ба Вазорати маориф лозим аст.

«Айни замон ҳама мушкилот на ба миқдори дарсу рӯзҳо, балки ба сифати таълим вобаста буда, аз як моҳ пештар ё баъдтар чизе тағйир намеёбад, – иброз дошт ӯ. – Агар дар мактабҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба кор кунанд, оғози дарсҳоро ба 1 август гузаронидан низ зарурате надорад».

Номбурда ҳамчунин обуҳавои гарм дар Тоҷикистон дар моҳи августро хотиррасон намуда, қайд кард, ки барои кӯдакон таҳсил дар чунин гармии тоқатфарсо мушкил аст ва агар ҳамаи шароитҳо муҳайё гардад, метавон ба сифати озмоиш дар чанде аз мактабҳо соли хонишро аз 1 август оғоз намуд, «вале ба суртаи умум, ин ташаббус ҳеҷ нафъе нахоҳад овард».

Алла Қувватова, номзади илмҳои фалсафа низ мухолифи ин пешниҳод аст.

«Ман ба ин пешниҳод назари манфӣ дорам, зеро ба дигар масъалаҳо дар бахши маориф, аз ҷумла беҳтар кардани барномаҳои таълимӣ, ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ ва бисёр дигар ҷанбаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мебояд кард, – мегӯяд ӯ. – Дар сурати оғози соли хониш аз моҳи август дар шароити иқлими мо, дар ҳамаи синфҳо мебояд ҳавосардкунак (кондитсионер) гузошт ва ғайр аз ин, ба талабагону омӯзгорон лозим меояд, ки кори организми худ, реҷаи зиндагии худ ва боз бисёр чизҳоро тамоман ба тартибу усули дигар тағйир диҳанд, ки оқибатҳои манфӣ ба бор оварда метавонад».

Дар ҳамин ҳол, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ Марям Давлатова бар ин назар аст, ки дар кишварҳои ғарбӣ сатҳи дониш барои он баландтар аст, ки дар он ҷо вақти мушаххаси таҳсил вуҷуд надорад.

«Дар ин кишварҳо дар вақти барои ҳарду ҷониб қулай таҳсил мекунанд ва чунин таҷриба то замони шӯравӣ дар Тоҷикистон низ роиҷ буд, – иброз дошт ӯ. – Масалан, дар китоби «Мактаби кӯҳна» Садриддин Айнӣ навишта буд, ки вақте волидон ҳис мекарданд, ки кӯдак ба омӯзиш омода аст, сипас ӯро барои таҳсил медоданд».

Дар робита ба оғози таҳсил аз моҳи сентябр Давлатова зикр кард, ки аз замони шӯравӣ мо ба он одат кардаем ва агар Вазорати маориф чунин пешниҳод карда бошад, пас барои аз 1 сентябр ба 1 август гузаронидани оғози соли хониш далелҳои асоснок дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.