Ҳарфи «ц» ба алифбои тоҷикӣ бармегардад?

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳарфи «ц» ба алифбои тоҷикӣ баргардонида шавад ва мутахассисони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Агар пешниҳоди ҳукумат маъқул шуморида шавад, ҳарфи «ц» боз ба алифбои тоҷикӣ баргардонида шуда, дар ин сурат лозим меояд, ки зеле зиёд китобҳои дарсӣ ва дигар адабиётро иваз намуд. […]

Мавзуна Абдуллаева, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳарфи «ц» ба алифбои тоҷикӣ баргардонида шавад ва мутахассисони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Агар пешниҳоди ҳукумат маъқул шуморида шавад, ҳарфи «ц» боз ба алифбои тоҷикӣ баргардонида шуда, дар ин сурат лозим меояд, ки зеле зиёд китобҳои дарсӣ ва дигар адабиётро иваз намуд.

«Мо аз ҳукумат лоиҳаи қарор дар бораи ба алифбои тоҷикӣ баргардонидани ҳарфи «ц»-ро гирифта, айни замон онро омӯхта истодаем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи забони тоҷикии Пажӯҳишгоҳ Сайфиддин Мирзоев.

Ҳарфҳои «ц», «щ», «ы» ва «ь», ки русӣ дониста мешуданд, аз алифбои тоҷикӣ ҳанӯз нимаи солҳои 90-уми асри гузашта хориҷ шуда буданд.

Имрӯз олимон исрор меварзанд, ки ҳарфи «ц» ҳеҷ гоҳ барои забони тоҷикӣ бегона набуда, Пажӯҳишгоҳи забон ин пешниҳодро дастгирӣ мекунад.

«Аксар вақт ҳарфи «ц» дар исмҳои ҷинс ва номҳои ҷуғрофӣ истифода шуда, агар он ба ҳарфи дигар иваз шавад, маънояшро гум мекунад, – шарҳ медиҳад Сайфиддин Мирзоев. – Агар ном ҳамин тавр монда шаваду дар алифбо ин ҳарф набошад, пас ба сурати умум ҳамаи мантиқ аз байн меравад».

Ба гуфтаи ӯ, замони хориҷ кардани ин ҳарф аз алифбои тоҷикӣ ба шитобкорӣ роҳ дода, доир ба чӣ қадар адабиётро дубора рӯнавис кардан фикр накардаанд, вале агар дар ниҳояти кор пешниҳод пазируфта шавад, сарфи назар аз хароҷот, ба китобҳову дигар адабиёт тағйрот ворид мешавад.

Ояндаи наздик Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт оид ба ин масъала хулосаи худро пешниҳод намуда, минбаъд онро ба Кумитаи забон ва истилоҳот ирсол мекунад ва сипас хулосаи умумӣ ба ҳукумат пешниҳод гардида, аз рӯи ин масъала қарори ниҳоӣ қабул хоҳад шуд.

Ҳамчунин хотиррасон мебояд кард, ки соли 2011 аз алифбои тоҷикӣ хориҷ кардани ҳарфҳои «ё», «е», «ю» ва «я» низ ба нақша гирифта шуда буд, вале баъдан аз чунин тасмимгирӣ даст кашиданд.

Дар ҳамин ҳол, Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди ин масъала гуфтааст, тағйири қоидаҳои пайдарҳами имлои забони тоҷикӣ мардумро бо душвориҳои навишт ва талаффузи калимаҳо рӯ ба рӯ мекунад.

Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, бар пайи тасмими Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт барои баргардондани ҳарфи “ц” ба алифбои тоҷикӣ баъзе аз забоншиносону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро мавриди танқиди шадид қарор додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.