Оғози аз эътибор соқит кардани қарзҳои «Барқи тоҷик»

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон қисмате аз маблағи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми ҳудуди 12,5 млн. сомонӣ (беш аз 1,5 млн. доллар) ба нерӯгоҳи барқи обии«Сангтӯда-1» аз эътибор соқит дониста шуд. Дар санади аз ҷониби раиси ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба имзорасида аз 25 январи соли равон дастур дода мешавад, ки қарзи «Барқи тоҷик» ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон қисмате аз маблағи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми ҳудуди 12,5 млн. сомонӣ (беш аз 1,5 млн. доллар) ба нерӯгоҳи барқи обии«Сангтӯда-1» аз эътибор соқит дониста шуд.

Дар санади аз ҷониби раиси ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба имзорасида аз 25 январи соли равон дастур дода мешавад, ки қарзи «Барқи тоҷик» ба ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ба маблағи 12 млн. 495 ҳазору 845 сомонӣ аз ҳисоби харидории барқ кам карда шавад.

Маблағи мазкур ба фонди оинномавии «Барқи тоҷик» ба сифати саҳми муассис гузаронида мешавад. Муассиси холдинги энергетикӣ ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ин маблағ ҳамчун пардохти қисмате аз қарзҳои мавҷудаи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба назар гирифта шуда, ба ивази он ба ҳамин миқдор маблағ бақияи қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» назди буҷети давлатӣ аз рӯи андоз кам карда мешавад.

Ҳаҷми умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба аввали соли равон ҳудуди 655 млн. сомониро ташкил медиҳад. Тайи соли ахир қарзи ширкат назди нерӯгоҳ қариб 150 млн. сомонӣ афзуда, барои интиқоли барқ дар ҳаҷми наздики 2 млрд. кВт/соат дар соли гузашта «Барқи тоҷик» ҳамагӣ 250 млн. сомонӣ маблағ пардохт кардааст. Барқи нерӯгоҳ ба ширкати «Барқи тоҷик» бо арзиши 20,1 дирам барои 1 киловатт фурӯхта мешавад.

ҶСК «НБО Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005 бо мақсади сохтмон ва минбаъд баҳрабардорӣ қарор додани нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Вахши Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Иқтидори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба 670 МВт баробар аст. Ҳиссаи ширкати Русия дар сармояи оинномавии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмияро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳҳо барқ харида, онро ба истеъмолгарони худ интиқол медиҳад. Ҳар як киловатти барқи дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсолшударо ширкат бо арзиши 20,1 дирам ва «Сангтӯда-2»-ро бо нархи 25,6 дирам дастрас менамояд. Дар ҳамин ҳол, тарифи миёнаи барқ дар Тоҷикистон 24,6 дирамро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.