Русия барои рушди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 6,6 млн. доллар ҷудо мекунад

Date:

Ҳукумати Русия давоми солҳои 2017-2019 аз ҳисоби буҷети федералӣ барои рушди низоми устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон то 6,6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, тибқи ин қарор, ҷудо шудани то 5,1 млн. доллар ба Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ҷиҳати маблағгузории хароҷоти марбут ба амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба рушди низоми устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2017 – то 1,1 млн., соли 2018 – то 2 млн. ва соли 2019 – ҳамчунин то 2 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, то 1,5 млн. доллар ба Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ барои маблағгузории хароҷоти марбут ба амалисозии лоиҳаҳо оид ба дастгирии фермерон дар доираи ин лоиҳа ҷудо шуда, аз ин миқдор соли 2017 ҷудо шудани то 700 ҳазор ва соли 2018 – то 800 ҳазор доллар ба нақша гирифта шудааст.

Вазорати молияи Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар бояд тартиби гузаронидани маблағ ва истифодаи воситаҳои ҷудошударо бо Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ мувофиқа созанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...