Эмомалӣ Раҳмон: танҳо моҳи январ дар Тоҷикистон 244 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуд

Asia-Plus

Имрӯз дар ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб 9 нафар шаҳрвандон, 3 нафар дар ВМКБ ва 1 нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд.

«Танҳо дар моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ, аз ҷумла 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд», – гуфт сарвари давлат зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур.

Ба гуфтаи президент, таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки бинобар тағйир ёфтани иқлим, ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ дар саросари дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад.

«Ҷамъбасти маълумоти аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода тасдиқгардида дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар миқёси мамлакат 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст. – қайд кард сарвари давлат. – Аз шумораи умумии одамони аз офатҳои табиӣ ҳалокгардида ба омадани сел 38 нафар, ба ҳодисаҳои ярч ва сангрезӣ 23 нафар ва ба тармафароӣ 23 нафар рост меояд».

Аз масъулини соҳаҳои дахлдор ҳамзамон омодагии ҳамаҷониба ба мавсими гармо, ки эҳтимолияти ба вуқуъ пайвастани офатҳои табиӣ бештар мегарданд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои нисбатан хавфнок бо ҷалби иқтидору имконоти мавҷуда ва нерую тавони аҳолии маҳаллӣ бо роҳи гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ, ба миқдори зарурӣ нигоҳдорӣ ва захира намудани техникаҳои корӣ, сӯзишворию маводи ғизоӣ ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию ҳамарӯза огоҳ кардани аҳолӣ аз вазъи боду ҳаво ва эҳтимолияти ба вуқуъ омадани ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода тавассути васоити ахбори омма талаб карда шуд.

Доир ба ҳодисаҳои табиии рӯзҳои охир ва тадбирҳои таъҷилии сохторҳои масъули давлатӣ дар амали бартарафсозии оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар сарвазири мамлакат, муовини якуми раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати ҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...