Интизориҳои Тоҷикистон аз сафари вазири корҳои хориҷии Афғонистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Санаи 15 феврал вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сохторҳои расмӣ ҳадафи сафарро баррасии маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Афғонистон унвон мекунанд.

Ба андешаи коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад, Тоҷикистону Афғонистон бояд ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таъмини амният таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бо сари мансаб омадани президенти нави Афғонистон Ашраф Ғанӣ, дар муқоиса бо сарвари пешинаи ин кишвар дар муносибатҳои Афғонистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ каме таназзул ба мушоҳида мерасад.

«Сарвари нави давлати Афғонистон таҳкими робитаҳои кишвараш бо давлатҳои ҷаҳони араб ва Ғарбро афзалтар медонад», – чунин мешуморад коршинос.

Ӯ мутмаин аст, ки канорагирии Афғонистон аз ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус дар бахши таъмини амният, ба нафъи гурӯҳҳои террористӣ анҷом шуда метавонад.

Коршинос бар ин назар аст, ки дар навбати худ, имрӯз ҳамкории натанҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа бо ҳукуматдорони Афғонистон низ дар масоили амният зарур аст.

«Соли гузашта чанде аз гурӯҳҳои террористӣ, ба мисли «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ҷангиёни худро аз ҷануби Афғонистон ба шимоли кишвар интиқол дода, ба ин васила дар он ҷо ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна хавфу хатар эҷод карданд, – мегӯяд коршинос. – Дар чунин ҳолат давлатҳои минтақаи мо уҳдадоранд, ки ҳамкории воқеӣ бо Кобули расмӣ дар бахши амниятро таъмин созанд».

Роҳбари Кумита оид ба корҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Олим Салимзода мутмаин аст, ки Тоҷикистону Афғонистон бояд муносибати дӯстона дошта бошанд.

«Амалисозии лоиҳаҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва иқтисоду тиҷорат ба ҳадафҳои ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар ин кишвар суръат бахшида метавонад, – иброз дошт ӯ. – Тоҷикистон ҳамеша дар бораи манфиатдории худ дар рушди муносибатҳо бо Афғонистн дар ҳама самтҳо изҳори назар карда, сарвари давлати мо дар ҳамаи вохӯриҳову ҳамоишҳои байнумилалӣ давлатҳои ҷаҳонро ба кумак ба ин кишвар баҳри ба даст овардани сулҳу созиш ва дастгирии лоиҳаҳо оид ба Афғонистон даъват мекунад».

Намояндаи парлумон ҳамчунин бовар дорад, ки сафари вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои дуҷониба дар амалисозии лоиҳаҳо оид ба сохтмони хатҳои интиқоли барқ, роҳи оҳан, транзити маҳсулоту хизматгузорӣ ва ғайра такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз шарҳи изҳороти ахири зидду нақизи бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон нисбати Тоҷикистон худдорӣ варзиданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде аз изҳороти бидуни мулоҳизаи сиёсатмадорони Афғонистон, ки ахири соли гузашта садо дода буданд, боиси ба сардӣ гароидани муносибатҳо миёни Кобулу Душанбе шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз 15 то 18 феврал роҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Зимни сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳафтаи гузашта Салоҳиддин Раббонӣ бо сафар дар Маскав қарор дошта, бо ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо натиҷагирӣ аз ин вохӯрӣ намояндагони Кобул ба марҳилаи дуюми машваратҳо оид ба ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон даъват шудааанд, ки ин иқдом бо ташаббуси Маскав сурат гирифта, дар он бояд дипломатҳои Чину Покистон ва Эрону Ҳиндустон низ ширкат варзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...