Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони пойтахт мулоқот мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони пойтахт мулоқот мекунад. Ба ин вохӯрӣ намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт, рӯзноманигорон, роҳбарони ҳарду палатаи парлумон ва аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Вохӯрӣ рӯзи 15 феврал дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин вохӯрӣ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони пойтахт мулоқот мекунад. Ба ин вохӯрӣ намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт, рӯзноманигорон, роҳбарони ҳарду палатаи парлумон ва аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Вохӯрӣ рӯзи 15 феврал дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин вохӯрӣ раиси тозатаъини шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи вазъи корҳо дар пойтахт гузориш хоҳад дод.

Дар назар аст, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ бо фаъолони пойтахт сарвари давлат назди ҳукумати кишвар ва раҳбарияти мақомоти шаҳрдорӣ оид ба рушди пойтахти ҷумҳурӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои нав хоҳад гузошт.

Қобили зикр аст, ки санаи 12 январ бо фармони сарвари давлат тамоми ҳайати раҳбарии мақомоти шаҳрдории Душанбе иваз ва писари калонии президент Рустами Эмомалӣ раиси пойтахт таъин шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.