Забоншинос мухолифи бозгашти ҳарфи «ц» ба алифбои тоҷикӣ

Роҳбари шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳими Зулфониён изҳор мекунад, ки дар хатти тоҷикӣ ҳарфи «ц» вуҷуд надорад, зеро забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ мансуб аст. “Дар талаффузи ин гурӯҳи забонҳо ҳарфи «Ц» дучор намешавад ва мо набояд мардумро ба гумроҳӣ андозем”, – қайд кард ӯ. Чанде пеш […]

Роҳбари шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳими Зулфониён изҳор мекунад, ки дар хатти тоҷикӣ ҳарфи «ц» вуҷуд надорад, зеро забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ мансуб аст.

“Дар талаффузи ин гурӯҳи забонҳо ҳарфи «Ц» дучор намешавад ва мо набояд мардумро ба гумроҳӣ андозем”, – қайд кард ӯ.

Чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳарфи «ц» ба алифбои тоҷикӣ баргардонида шавад ва мутахассисони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ки ин пешниҳодро дастгирӣ мекунанд, онро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

«Мо аз ҳукумат лоиҳаи қарор дар бораи ба алифбои тоҷикӣ баргардонидани ҳарфи «ц»-ро гирифта, айни замон онро омӯхта истодаем», – хабар дода буд ба «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи забони тоҷикии Пажӯҳишгоҳ Сайфиддин Мирзоев.

Ҳарфҳои «ц», «щ», «ы» ва «ь», ки русӣ дониста мешуданд, аз алифбои тоҷикӣ ҳанӯз нимаи солҳои 90-уми асри гузашта хориҷ шуда буданд.

Абдураҳими Зулфониён ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон як гурӯҳи иборат аз кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот рӯйи ин масъала кор мекунанд ва ояндаи наздик хулосаи онҳо дар бораи бозгашти ҳарфи “ц” ба алифбои тоҷикӣ дар матбуот ба нашр мерасад.

“Аммо ба фикри шахсии ман, барои ба алифбои тоҷикӣ баргардонидани ин ҳарф зарурате вуҷуд надорад, – таъкид дошт ӯ. – Ҳарфи “ц” дар гурӯҳи забонҳои эронии ғарбӣ, ки забони тоҷикӣ ҳам ба онҳо дохил аст, мавҷуд нест, ҳарчанд дар зергурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ, масалан дар забонҳои яғнобиву бадахшонӣ ҳарфи “ц” ҳузур дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон қаблан алифбои эронии ғарбиро ба кор мебурданд, ки дар он ҳарфи “Ц” вуҷуд надошт.

“Аз соли 1930 то соли 1940 тоҷикон аз алифбои лотинӣ истифода мекарданд, – зикр кард номбурда. – Баъди соли 1940 дар заминаи алифбои кириллӣ алифбои тоҷикӣ бунёд гардида, то нимаи солҳои 90-ум дар алифбои мо ҳарфи “ц” мавриди истифода қарор дошт ё ба истилоҳи дигар ин ҳарф дар забони мо ҳудуди 50 сол мавҷуд буд”.

Зулфониён иттилоъ дод, ки Кумитаи забон ва истилоҳот тавсияҳои худро ба Пажуҳишгоҳи забону адбиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳо равона кардааст, ки дар он бозгашти ҳарфи “ц” ба забони тоҷикиро зарур намешуморад.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз олимони тоҷик исрор меварзанд, ки ҳарфи «ц» ҳеҷ гоҳ барои забони тоҷикӣ бегона набуда, он дар забон форсӣ истифода мешавад ва замони хориҷ кардани ин ҳарф аз алифбои тоҷикӣ, ба шитобкорӣ роҳ дода шудааст.

Ҳамчунин хотиррасон мебояд кард, ки соли 2011 аз алифбои тоҷикӣ хориҷ кардани ҳарфҳои «ё», «е», «ю» ва «я» низ ба нақша гирифта шуда буд, вале баъдан аз чунин тасмимгирӣ даст кашиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.