Бекоршавии андози роҳи ваъдашуда амалӣ намешавад

Date:

Бекор шудани андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ваъда шуда буд, амалӣ намешавад. Вазорати молия дар ин робита изҳор намуд, ки дар сурати бекр шудани ин андоз буҷет 360 млн. сомониро аз даст медиҳад.

Андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки бекор кардани онро ҳукумат аз оғози соли равон ваъда карда буд, дар Кодекси андоз ҳадди ақал ба муддати як соли дигар боқӣ мемонад.

Лоиҳаи тағйироти дахлдор ба Кодекси андозро аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ пагоҳ, 16 феврал дар иҷлосияи даҳум баррасӣ мекунанд.

Қаблан барои бекор кардани андози роҳ то 1 январи соли 2018 вакилони палатаи поёнии парлумон овоз дода буданд.

Вазорати молияи Тоҷикистон мухолифи бекор шудани ин навъи андоз изҳори назар карда, андешаи худро бо он асоснок намуд, ки соли 2017 аз бекор шудани он ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардад. Аз ин рӯ, Вазорат пешниҳод кард, ки баррасии ин масъала боз як соли дигар мавқуф гузошта шавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 зимни баррасӣ ва қабули Кодекси нави андоз эълон шуда буд, ки аз моҳи январи соли 2015 ҳаҷми андоз барои истифодаи роҳҳои автомобилгард коҳиш дода шуда, аз 1 январи соли 2017 пурра бекор карда мешавад.

Моҳи апрели соли 2014 дар паёми президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ ин масъала зикр гардида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...