КҲФ: Наҷоти 5 нафар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Asia-Plus

Шаби гузашта наҷотдиҳандагон ба аз ғарами барф берун овардани автомашина бо панҷ нафар кумак карданд, ки байни онҳо зане бо кӯдакаш ҳам ҳузур дошт.

Ин ҳодиса дар километри 68-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста, соати 22-30 дақиқаи шаб кормандони ширкати IRS ва БДА дар ин хусус ба онҳо тариқи телефон хабар додаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), маълум шудааст, ки автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» бо ронандаву 4 мусофираш, ки миёни онҳо зане бо кӯдакаш ҳам ҳузур доштааст, дар иҳотаи барф мондааст.

«Автомашина ба Хуҷанд раҳсипор буда, сарфи назар аз огоҳиҳои КҲФ дар бораи хатари яхбандиву тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ, чархҳои автомашина бо резинаҳои зимистонӣ ва занҷирҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз карда нашудаанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти КҲФ Умеда Юсуфова.

Номбурда қайд кард, ки амалиёти наҷотдиҳии онҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита каме бештар аз 1 соат давом карда, баъди автомашинаро аз ғарами барф берун овардан, онҳо ба сафари худ ба Хуҷанд идома додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки дар натиҷаи гармшавии обуҳаво ва боридани борон дар минтақаҳои кӯҳистон, хатари тармафароӣ бамаротиб боло рафта, фишор аз тармаи тар дар 1 метри мураббаъ 50 тоннаро ташкил медиҳад!

Аз ин рӯ, Кумита бори дигар бисрор аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки мувофиқи имкон аз сафар ба қитъаҳои дорои хатари тармафроӣ худдорӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...