Трамп аз ҷониби Русия ба Украина баргардонидани Қримро интизор аст

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Шон Спайсер, сухангӯи Кохи сафед гуфтааст,  "Доналд Трамп, президенти ИМА ба таври возеҳ фаҳмонд, ки ҳукумати Русия бояд Қрими ғасбшударо баргардонда, аз хушунат дар шарқи Украина, аз ҷумла дастгирии ҷудоихоҳон даст кашад".

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Спайсер бар ин аст, ки президенти ИМА аз ҳама гуна амалҳои шиддатбахшандаи вазъ дар робита ба Москва худдорӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, "Трамп интизор дорад, ки муносибатро бо Русия беҳтар хоҳад кард".

Спайсер аз ҷумла ёдовар шудааст, ки Никки Хейли, намояндаи доимии ИМА дар СММ 3 феврал, ҳангоми ҳузури нахустинаш дар Шӯрои амният амалҳои Русияро қотеъона маҳкум карда, Қримро ҷузъи Украина хонд. "Хейли қайд кард, ки таҳримҳои марбути нимҷазира то баргаштани он ба ҳайати Украина бекор нахоҳанд шуд", – афзуд Спайсер.

Стивен Мнучин, вазири нави молияи ИМА низ гуфт, таҳримҳое, ки дар робита ба нооромиҳои Украина зидди Русия ҷорӣ шудаанд, бекор намешаванд.

Русия соли 2014 Қримро аз Украина ғасб кард. Қонунӣ будани пайвастани нимҷазираро ба ҳайати Русия ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф накард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...