Парвози нахуст аз Тошканд ба Душанбе аввали апрел ба иҷро мерасад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парвози нахуст тавассути хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошкандро ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аввали моҳи апрел (4 апрел) ба иҷро расонида, парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегиранд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи А-320 анҷом дода мешаванд. Аз 26 март ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба ҷадвали мавсими тобистонии иҷрои парвозҳо мегузарад, ки ба ин ҷадвал хатсайр ба Душанбе низ дохил шудааст.

Аз ҷониби ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» кай оғоз гардидани парвозҳо ба пойтахти Ӯзбекистон алҳол номаълум аст.

Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кардааст.

Зимнан дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо  аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр гардида буд, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.

Қайд шуда буд, ки мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон барои анҷоми парвозҳо ба як муҳлати муайян (чартерӣ) дархост гирифтаанд, на барои анҷоми парвозҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам. Дархост танҳо рӯзи якшанбе, 19 феврал ва 1 рӯз пеш аз иҷрои парвозҳо тавассути хатсайрҳои мунтазам қабул шудааст. Табиист, ки таъкид мешавад дар нома, барои қабули қарор фурсат хеле кам буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...