Лижаронии Назарбоев ва Путин пеш аз мулоқоти расмӣ

Президенти Русия Владимир Путин сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз Қазоқистон шурӯъ кард. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои руси ӯ рӯзи якшанбе бо ҳам дар осоишгоҳи наздикии Алмато лижатозӣ карданд. Дар гуфтушуниди расмии онҳо, рӯзи 27 феврал, ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла сулҳи Сурия мавриди […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Русия Владимир Путин сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз Қазоқистон шурӯъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои руси ӯ рӯзи якшанбе бо ҳам дар осоишгоҳи наздикии Алмато лижатозӣ карданд.

Дар гуфтушуниди расмии онҳо, рӯзи 27 феврал, ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла сулҳи Сурия мавриди бюаррасӣ қарор гирифтанд.

Владимир Путин аз Алмато ба Душанбе парвоз ва бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоном дидору гуфтушунид хоҳад кард. Сафари ӯ ба Тоҷикистон расмист ва дар ҷараёни он як силсила санадҳои байнидавлатӣ ба имзо хоҳанд расид.

Рӯзи 28 феврал Путин ба Қирғизистон сафар бо раисиҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоев мулоқот хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ