Парвози нахуст аз Тошканд ба Душанбе аввали апрел ба иҷро мерасад

Парвози нахуст тавассути хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошкандро ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аввали моҳи апрел (4 апрел) ба иҷро расонида, парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегиранд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи А-320 анҷом дода […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парвози нахуст тавассути хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошкандро ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аввали моҳи апрел (4 апрел) ба иҷро расонида, парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегиранд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи А-320 анҷом дода мешаванд. Аз 26 март ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба ҷадвали мавсими тобистонии иҷрои парвозҳо мегузарад, ки ба ин ҷадвал хатсайр ба Душанбе низ дохил шудааст.

Аз ҷониби ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» кай оғоз гардидани парвозҳо ба пойтахти Ӯзбекистон алҳол номаълум аст.

Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кардааст.

Зимнан дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо  аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр гардида буд, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.

Қайд шуда буд, ки мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон барои анҷоми парвозҳо ба як муҳлати муайян (чартерӣ) дархост гирифтаанд, на барои анҷоми парвозҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам. Дархост танҳо рӯзи якшанбе, 19 феврал ва 1 рӯз пеш аз иҷрои парвозҳо тавассути хатсайрҳои мунтазам қабул шудааст. Табиист, ки таъкид мешавад дар нома, барои қабули қарор фурсат хеле кам буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ