Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни Рӯзи модарон, ки санаи 8 март таҷлил мегардад, бо фаъолзанони ҷумҳурӣ вомехӯрад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳкумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрии маъмулии сарвари давлат бо фаъолзанон рӯзи 7 март дар маҷмааи «Кохи Борбад» дар Душанбе баргузор мешавад.
Сарвари давлат занонро бо ҷашнашон табрику таҳният гуфта, бо онҳо озодона суҳбат мекунад. Баъди қисмати расмии вохӯрӣ бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ консерти идона доир мегардад.


