Мунира Раҳимова роҳбари Идораи телевизиону радиои Суғд таъин шуд

Asia-Plus

Дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора Мунира Раҳимова доир гардид.

Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Аюбҷон Саъдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода зимни сӯҳбат аз номи раиси вилоят ба Аюбҷон Саъдуллозода барои хизматҳояш изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти нав барору комёбиҳо таманно намуд.

Таъкид мешавад, ки Аюбҷон Саъдуллозода аз соли 2010 инҷониб роҳбарии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт ва тӯли ин солҳо фарогирии мавҷи телевизион дар чанд навоҳии вилоят беҳтар гардид. Дар замони роҳбарии А. Саъдуллозода соати пахши барномаҳои телевизион ба 18 соат расонида шуд.

Гуфта мешавад, Мунира Раҳимова, сардори нави Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд низ аз кадрҳои соҳибтаҷриба буда, тӯли солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат фаъолият кардааст. То таъиноти мазкур ба ҳайси муовини директори Акадамияи ВАО-и Тоҷикистон фаъолият дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...