Ба куҷо кӯчонидани лавҳаҳои ёдгории Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум, ки дар бинои Вазорати кишоварзӣ насб шудаву ин бино ояндаи наздик кӯчонида мешавад, алҳол маълум нест.
Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт дар посух ба ин савол душворӣ кашида, изҳор намуданд, ки ин масъала алҳол ҳал нашудааст.
Ғайр аз ин лавҳаҳо дар бинои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ лавҳаҳо бахшида ба Абдураҳим Ҳоҷибоев, нахустин раиси Шӯрои комиссарони халқ (Совнарком)-и Тоҷикистон (солҳои 1929-1933) ва Маҳмадалӣ Қурбонов раиси ин Шӯро дар солҳои 1937-1946, ки замони раисиаш нахустин нерӯгоҳи барқи обии Варзоб ва иншооти асосӣ дар пойтахт сохта шудаанд, низ вуҷуд доранд. Ҳамчунин замони раисии Қурбонов Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватаниро паси сар кард.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Лавҳаҳои ёдгории Нусратулло Махсум ва Маҳмадалӣ Қурбонов дар бинои Вазорати кишоварзии ҶТ
Ба гуфтаи таърихшиноси тоҷик Ғафур Шерматов, ҷой барои насби лавҳаҳои ёдгорӣ дар бинои Вазорати кишоварзӣ тасодуфӣ нест, зеро гап сари он меравад, ки пештар дар ин қисмат бинои Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар он Шотемур, Махсум, Ҳоҷибоев ва Қурбонов кор кардаанд. Қисмати асосии бино солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шудааст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Лавҳаи ёдгории Абдураҳим Ҳоҷибоев – нахустин раиси Шӯрои комиссарони халқи Тоҷикистон
«Ин бинои қадимтарини Душанбе ва аввалин бинои ҳукумати ҷумҳурӣ аст, шарҳ медиҳад ӯ. – Дар ин бино қарорҳои барои кишвар сарнавишстсоз қабул шуда, он соли 1933 сохта шуд ва дар Тоҷикистон дигар биное нест, ки дар он Шотемур ва Махсум кор карда бошанд».
Номбурда бар ин назар аст, ки кӯчонидани бинои нахустини мақомоти шаҳрдорӣ ва парлумон хароб кардани таҳкурсии таърихи худ мебошад.
«Масалан, бинои парлумони Британияи Кабир муддати 600 сол побарҷост, ки ин амал арҷгузорӣ ба таърихи худ ва аз насл ба насл гузаштани анъанаҳост, – мегӯяд Шерматов. – Мо бошем, ихтиёрӣ аз он даст мекашем».


