Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) ва «Дордой» (Бишкек, Қирғизистон) бозии аввали даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 доир мегардад. Оғози бозӣ соати 18:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.1022 сомонӣ;

1 евро – 8.6434 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1352 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1942 — Навбати аввали комбинати бофандагии Душанбе ба истифода дода шуд.

1955 – Боғи ботаникии Ленинобод ба фаъолият оғоз кард.

1994 – Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

2001 – Бо фармони Президент Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

1911 – Зодрӯзи шоир Абдусалом Деҳотӣ.

1933  – Мавлуди Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Лилиан Налоева.

1948  – Зодрӯзи доктори улуми физика ва математика, профессор, арбоби давлатӣ, Мамадшо Илолов.

1957 –Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир.

1961 – Зодрӯзи адабиётшинос Музаффари Муҳаммадӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -22-27, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +1+3.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...