БОР: мо ба ҳукумат афзоиши арзиши барқ барои аҳолиро тавсия надодаем

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба ҳукумати Тоҷикистон афзоиши арзиши барқ барои аҳолиро тавсия надода, танҳо пешниҳод карда буд, ки нархгузории гуногун дар ин соҳа аз байн бурда шавад, зеро ба рушди тиҷорат зиёновар аст. «Қаблан дар ВАО маълумоте интишор шуд, ки гӯё БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода бошад, ки тарифҳо барои аҳолӣ боло бардошта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба ҳукумати Тоҷикистон афзоиши арзиши барқ барои аҳолиро тавсия надода, танҳо пешниҳод карда буд, ки нархгузории гуногун дар ин соҳа аз байн бурда шавад, зеро ба рушди тиҷорат зиёновар аст.

«Қаблан дар ВАО маълумоте интишор шуд, ки гӯё БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода бошад, ки тарифҳо барои аҳолӣ боло бардошта шавад, – гуфт намояндаи доимии БОР дар Душанбе Си.Си.Ю зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон. – Дар асл ин тавр набуда, гуфтаҳои ман нодуруст шарҳ дода шудаанд».

Ӯ қайд кард, ки тарифҳои ҷорӣ ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон метавонанд натанҳо дар минтақа, балки дар муқоиса бо саросари дунё аз ҳама пасттарин бошанд.

«Бо вуҷуди ин БОР ва ҳукумат ҳамаи он душвориҳоеро, ки аҳолӣ зимни афзоиши тариф бо онҳо дучор шуда метавонад, ба хубӣ дарк мекунанд ва дар марҳилаи ҳозира барои аҳолӣ набояд ягон тағйирот сурат гирад», – иброз дошт номбурда.

Си.Си.Ю шарҳ дод, ки дар асл БОР ба ҳукумат тавсия дода буд, ки нархгузории гуногуни мавҷуда дар Тоҷикиситон аз байн бурда шавад.

«Мо стратегияи ворид намудани тағйирот дар сохтори тарифҳо барои нерӯи барқро пешниҳод намуда, пеш аз ҳама, бартараф кардани нархгузории ҳархеларо тавсия додем, яъне барои дараҷаҳои гуногуни истеъмолгарон тарифҳои гуногун вуҷуд доранд ва аксаран нисбат ба корхонаҳои хусусӣ, тарифҳо барои корхонаҳои давлатӣ пасттару беҳтаранд, ки ин омил ба рушди бахши хусусӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ монеъа эҷод месозад», – таъкид дошт Си.Си.Ю.

Намояндаи доимии БОР ҳамчунин қайд кард, ки дар робита ба бартараф кардани нархгузории гуногун ҳукумат аллакай тадбирҳои нахустин андешидааст, ки қисмате аз тавсияҳо дар доираи барномаи БОР оид ба дастгирии муҳити сармоягузорӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқро барои бархе аз истеъмолгарон боло баранд. Ин гароншавии барқ ба аҳолӣ дахл надорад. Мувофиқи қарори ба имзо расида аз 24 феврали соли равон, дастур дода шудааст, ки аз 8 дараҷаи истифодабарандагони нерӯи барқ барои 4 дараҷа тарифҳо зиёд карда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.