Вазир коҳиши боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои навро шарҳ дод

Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро дастгирӣ намуд, ки ба коҳиши ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти автоомашинаҳои нави истеҳсоли хориҷӣ дахл дорад. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилон хабар дод, ки мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, аз оғози сол меъёри боҷи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро дастгирӣ намуд, ки ба коҳиши ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти автоомашинаҳои нави истеҳсоли хориҷӣ дахл дорад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилон хабар дод, ки мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, аз оғози сол меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба ҷумҳурӣ ба андорзаи 50% кам мешавад.

Автомашинаҳое, ки на бештар аз як сол пеш истеҳсол шуда, масофаи тайкардаи онҳо аз 10 ҳазор километр зиёдтар нест, автомашинаҳои нав шуморида мешаванд.

Ба қавли вазир, ин қонун барои чаҳор навъҳои мошинҳо – сабукрав, борбар, мусофирбар ва махсус дахл дорад.

Соли гузашта ба Тоҷикистон 229 адад автомашинаҳои нав оварда шудааст, ки аз боҷи гумрукии ситонида аз онҳо ба буҷети давлатӣ ҳудуди 6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Ҳикматуллозода ба вакилон итминон дод, ки коҳиши меъёрҳои боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба Тоҷикистон ба рушди зербинои сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мусоидат менамояд.

«Касоне, ки автомашинаҳои нави истеҳсоли хориҷиро аз оғози сол ба ҷумҳурӣ ворид кардаанду аз рӯйи меъёрҳои пештара боҷи гумрукиро пардохт кардаанд, баъди қабули тағйироту иловаҳои мазкур, метавонанд маблағи аз меъёр зиёд пардохтаи худро бозпас бигиранд», – қайд кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки дар қонуни ахири соли гузашта тасдиқшуда «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017» маблағи даромад аз боҷҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 800 млн. 796 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки масъалаи ба миқдори 50% кам кардани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба кишвар дар паёми санаи 22 декабри соли 2016 ироашудаи президент ба парлумон ба миён гузошта шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.