Ба муҳлати ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров боз 2 сол илова шуд

Суди олии Тоҷикистон адвокат Бузургмеҳр Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» ба 2 сол ва барои «таҳқири намояндаи ҳокимият» ба 1 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Муҳлати ҷазои Ёров дар маҷмӯъ акнун 25 солро ташкил медиҳад. Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар мурофиаи мазкур ҳеҷ касе аз хешону наздикони адвокат ҳузур […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон адвокат Бузургмеҳр Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» ба 2 сол ва барои «таҳқири намояндаи ҳокимият» ба 1 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Муҳлати ҷазои Ёров дар маҷмӯъ акнун 25 солро ташкил медиҳад.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар мурофиаи мазкур ҳеҷ касе аз хешону наздикони адвокат ҳузур надоштаанд, зеро онҳоро ба он роҳ надодаанд.

«Ба мурофиа танҳо модари Ёров даъват шуда, вале бинобар худро бад ҳис кардан, ӯ дар он иштирок карда натавонист ва ҳамин ҳамин рӯз нусхаи ҳукми суд ба дасти мо расид», – гуфт ӯ.

Ба қавли пайвандони судшаванда, рӯзи 15 март дар суди ноҳияи Фирдавсӣ мурофиаи баррасии парвандаи сеюм нисбати Ёров бо далели қаллобӣ оғоз гардида, ҳоло ҳукм аз рӯи он содир нашудааст.

Моҳи октябри соли гузашта нисбати адвокати аллакай ба 23 соли зиндон маҳкумшуда Бзургмеҳр Ёров Прокуратураи генералӣ дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) парванда оғоз карда буд. Парванда пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр оғоз шуда буд.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.