Президент ноиби якуми президенти БАТР-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти БАТР баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти БАТР баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши энергетика ва тақвияти нерӯи истеҳсолию содиротиро аз ҳадафҳои муҳими рафъи таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ, маънидод карданд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо бонк, дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳрҳо, рушди бахши хусусӣ ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби БАТР 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол бошад, ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад.

Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ба хотири фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар ва таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ қабул гардидааст ва имкониятҳои зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои лоиҳаҳои бахшҳои энергетика, нақлиёт, соҳибкорӣ ва молиявӣ дар ин стратегия аз ҷониби БАТР ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуда, дастгирии молиявии БАТР дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.