Дастгирии Tcell аз лоиҳаи «Сиҳатии сайёр» аз Бунгоҳи меҳрубонӣ

Ширкати Tcell кулли ҳамватанонро бо Рӯзи тандурустӣ, ки ҳамасола 7 апрел ҷашн гирифта мешавад, шодбош мегӯяд! Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», дар чорчуби ҳамкориҳои иҷтимоӣ Tcell тарҳҳои марбут ба сиҳатмандиро низ дастгирӣ мекунад. Яке аз чунин лоиҳаҳо дастгирии тарҳи Mhealth (Тандурустии сайёр) мебошад. Оҷонсии ИМА оид ба тавсеаи байналмилалӣ (USAID) тарҳи худро дар робита ба […]

Хабаргузории «Озодагон»

Ширкати Tcell кулли ҳамватанонро бо Рӯзи тандурустӣ, ки ҳамасола 7 апрел ҷашн гирифта мешавад, шодбош мегӯяд!

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», дар чорчуби ҳамкориҳои иҷтимоӣ Tcell тарҳҳои марбут ба сиҳатмандиро низ дастгирӣ мекунад. Яке аз чунин лоиҳаҳо дастгирии тарҳи Mhealth (Тандурустии сайёр) мебошад.

Оҷонсии ИМА оид ба тавсеаи байналмилалӣ (USAID) тарҳи худро дар робита ба сиҳатии модару кӯдак, ки 8 сол идома дошт ва бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва созмони байналмилалии “Бунгоҳи меҳрубонӣ” ҷараён гирифт, ба итмом расонд.

Дар доираи ин тарҳ, ки ҳифзи сиҳатии модару кӯдакро дар самти риояи тарзи ҳаёти солим дар бар мегирифт, як миллион нафар фаро гирифта шуданд. Баланд бардоштани савияи дониши ҳудуди 15 ҳазор кормандони бахши тандурустӣ дар робита ба ғизо ва тарҳи хонавода, иштирок дар беҳтар намудани таҷрибаи истифодаи ғизо ва гигиена, истифодаи роҳҳои муосири оиладорӣ, инчунин беҳтар намудани шароити санитарӣ ва омӯзиши тарзи дурусти суштушӯи даст дар беш аз 955 мактаб ва муассисаҳои тиббӣ натиҷаи кори хуби ин тарҳ мебошад.

Дар ҷараёни амалишавии лоиҳа таваҷҷуҳи бештар ба инноватсия дар бахши тандурустӣ равона гардид. Яке аз қисматҳои ин тарҳ “Тандурустии сайёр” (MHealth) буд, ки аз ҷониби ширкати мобилии Tcell роҳандозӣ гардид.

Аз моҳи ноябри соли 2015 года, ҳудуди якуним сол ширкати Tcell тавассути SMS-пайёмак ҳудуди 3000 занро дар минтақаи Хатлон аз сиҳатӣ ва тарзи дурусти ғизои модару кӯдак огоҳ сохт. Лоиҳаи “Тандурустии сайёр” дар маҷмӯъ барои занҳои ҳомила ва модарони кӯдакони то дусола, ки дар минтақаҳои дурдасти кишвар зиндагӣ мекунанд, равона шуда буд. Занҳои сабтиномшуда ҳар ҳафта дар мавриди тарзи дурусти синамаконӣ, додани ғизо ба навзодону кӯдакони хурдсол маълумот мегирифтанд. Ҳармоҳа барои онҳое, ки сабти ном шуда буданд, тақрибан 15 000 смс фиристода шуд.

Бар иловаи SMS, хатти тамоси доимамалкунанда роҳандозӣ гардид, ки хоҳишмандон имкон доштанд бо он тамос гирифта, ба саволҳои мавриди назари худ ҷавоб бигиранд. Ин хатт дар шумораи махсус бо бастаи иборат аз 1000 дақиқа дар як моҳ фаъол буд.

Дар аввал ба ин тарҳ танҳо занҳо пайваст шуда буданд, аммо баъдан ин гуруҳ аз ҳисоби мардон ҳам комил шуд.

Дар ниҳоят аз кори пурсамари даври аввали тарҳи “Тандурустии сайёр” натиҷагирӣ шуд. Дар даври минбаъда дар нақша аст, ҳудуди амали тарҳ бо ворид намудани минтақаҳои дигари кишвар васеъ карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.