Боздошти амали созишномаи ҳамкории Русия ва ИМА дар фазои Сурия

Русия тасмим гирифтааст, ки созишномаи муштаракро бо ИМА дар бораи таъмини амнияти парвозҳо ҳангоми анҷоми амалиёт дар Сурия, боздорад. Ин тасмим дар посух ба зарбаи ИМА ба Сурия гирифта шудааст. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд, Амрико ба ин зарба аз қабл омода мешуд ва руйдодҳои […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Русия тасмим гирифтааст, ки созишномаи муштаракро бо ИМА дар бораи таъмини амнияти парвозҳо ҳангоми анҷоми амалиёт дар Сурия, боздорад. Ин тасмим дар посух ба зарбаи ИМА ба Сурия гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд, Амрико ба ин зарба аз қабл омода мешуд ва руйдодҳои Идлибро ИМА "барои ба намоиш гузоштани қудрат" истифода бурд.

Маскав даъват кардааст, ки Шӯрои Амнияти СММ баргузор ва вазъияти пешомада баррасӣ шавад. Пештар аз ин низ Кремл изҳор дошта буд, ки ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия зургӯӣ зидди давлати мустақил аст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 7 апрел бо фармони президенти ИМА Доналд Трамп киштиҳои низомии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии "Шайрат"-и Сурия мушаки болдор партоб карданд. Ин зарбаҳо дар посух ба ҳамлаи кимиёвии шаҳри Хон-Шайхуни вилояти Идлиб зада шуданд. Дар натиҷаи зарбаи кимиёвӣ даҳҳо сокини осоишта қурбон шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.