Маҳви 1 пешвои толибон ва 14 ҷангӣ дар Афғонистон

Date:

Яке аз пешвоёни ҳаракати тундгарои «Толибон», муовини волии пасипардагии толибон дар Қундузи Афғонистон ва 14 ҷангии ҳаракат дар ҷараёни амалиёти махсус дар минтақаи шимолу шарқии Афғонистон кушта шуданд.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба Пажвок дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки сухангӯи Вазорати мудофиаи Афғониситон Давлат Вазирӣ гуфтааст, аз 14 нафар ҷангиёни кушташуда 8 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба маълумоти Афганистан.ру, дар музофоти Кундуз бар асари ҳамлаи ҳавоӣ тибқи маълумоти гуногун аз 13 то 24 нафар ҷангии ҳаракати Толибон кушта шуда, амалиёти воҳидҳои артиши милии Афғонистон дар вулусволии Дашти Арчии ҳамммарз бо Тоҷикистон сурат гирифтааст ва гурӯҳи ҷангиён дар қаламрави деҳаи Мулоқулӣ маҳв шудаанд.

Гуфта мешавад, миёни кушташудагон фармондеҳони воломақоми толибон, аз ҷумла муовини пасипардагии волии музофот, маъруф бо номи мулло Асадулло ҳузур дорад. Хабаргузории Пажвок иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоӣ якчанд нафар ҷангиёни хориҷӣ низ кушта шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...