Тоҷикистону Русия ба баҳси алоқаи ҳавоӣ хотима мебахшанд

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия имрӯз ба гуфтушунидҳо дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо идома медиҳанд. Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода намояндагӣ мекунад. Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имрӯз ҷонибҳо ба ҳалли масъалаи муқаррар кардани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон хотима бахшиданианд ва […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия имрӯз ба гуфтушунидҳо дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо идома медиҳанд. Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода намояндагӣ мекунад.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имрӯз ҷонибҳо ба ҳалли масъалаи муқаррар кардани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон хотима бахшиданианд ва Тоҷикистон пешниҳодҳои омадакардаашро доир ба ин масъала ба ҷониби Русия пешниҳод мекунад.

Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад, вале ин кор алҳол амалӣ нашуд.

Зикр гардида буд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷандро манъ мекунанд ва айни замон аз ҷониби Русия посухро интизоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.