Даъвати раиси пойтахт ҷиҳати беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ

Дар вохӯрӣ бо ронандагони автобусҳои нав, ки аз пагоҳ, 15 апрел дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ба мусофиркашонӣ оғоз мекунанд, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани маданияти    хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани сару либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва […]

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Дар вохӯрӣ бо ронандагони автобусҳои нав, ки аз пагоҳ, 15 апрел дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ба мусофиркашонӣ оғоз мекунанд, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани маданияти    хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани сару либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва бахусус нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳоимуайяншуда ҷалб намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, нақлиёти нави мусофирбар, ки дар корхонаи муштараки ҷопонию туркӣ дар Туркия истеҳсол гардидаанд, аз ҷониби ронандагони тоҷик ва таҳти роҳбаладии мутахассисони туркӣ ба пойтахт интиқол дода шуданд.

Гуфта мешавад, арзиши як адад автобуси тамғаи «Isuzu» тақрибан 90 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад, ҳол он ки   нархи як адад автобуси ширкати ЛиАЗ-и истеҳсоли Федератсияи Россия, ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, 126 ҳазор доллари ИМА мебошад.

Бо ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад.

 

Пас аз муоинаи техникӣ ва ташхиси ҳамаҷониба автобусҳои нав рӯзи 15-уми апрел дар хатсайрҳои кӯчаи ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд. Чанде аз автобусҳои кӯҳна ба хатсайрҳои дигар гузаронида шуда, автобусҳои муҳлати истифодаашон хотимаёфта аз пойтахт бароварда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.