Ҳалокати модару кӯдак бар асари лағзиши ярч дар Дарвоз

Бар асари лағзиши ярч дар деҳаи Камчаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҷавонзани 19-сола бо тифли 2-солааш ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, боришоти зиёд ба болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва ҳаракати қишри замин боис гардида, дар натиҷа манзили ҳалокшудагон зери маҷрои лойқа ва хоктӯда мондааст. Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ашти вилояти […]

Asia-Plus

Бар асари лағзиши ярч дар деҳаи Камчаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҷавонзани 19-сола бо тифли 2-солааш ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, боришоти зиёд ба болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва ҳаракати қишри замин боис гардида, дар натиҷа манзили ҳалокшудагон зери маҷрои лойқа ва хоктӯда мондааст.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ дар пайи боронҳои шиддатнок ва болоравии оби рӯдхонаҳо, ҳамчунин шамоли сахт якчанд пулҳо ва боми манзилҳо осеб дидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, ҳаҷми зиёни расида муайян карда мешавад. Ба ин корҳо техникаи махсус сафарбар шуда, кормадони Кумита ва намояндагони ҳукумати ноҳия дар макони ҳодиса қарор доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки ҳоло ҳам то 15 апрел фаромадани селу ярч ва болоравии сатҳи оби дарёҳо имкон дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.