Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии СААД

Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек нишасти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад. ВАО- Русия хабар медиҳанд, ки дар ин нишастҳо президенти ин кишвар Владимир Путин иштирок хоҳад кард. Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати иштирок дар […]

Asia-Plus

Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек нишасти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад. ВАО- Русия хабар медиҳанд, ки дар ин нишастҳо президенти ин кишвар Владимир Путин иштирок хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои СААД ба шаҳри Бишкеки раҳсипор гардид. Ӯ дар нишасти ИИАО, ки Тоҷикистон ба он шомил нест, иштирок намекунад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, дар ҷаласаи ИИАО масъалаи ба Молдова додани мақоми нозир дар Иттиҳод баррасӣ шуда, президенти Молдова Игор Додон низ ба нишасти Бишкек меояд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ атрофи дигар масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Иттиҳод ва тавсеъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои гуногун дар доираи ИИАО табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД (Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон) масоили рушду такомули минбаъдаи Созмон ва густариши ҳамкориҳо дар бахши таъмини анмияти минтақавӣ баррасӣ мешаванд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», чанде қабл президенти  Русия Владимир Путин дар  мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Мир” иброз доштааст, ки Маскав ба инқилоби ранга дар ягон кишвари узви СААД (ОДКБ)   роҳ надода, шариконаш дар ин созмонро дар муқобили талоши чунин инқилобҳо ҳимоят хоҳад кард.

«Мо назарияҳои мухталиферо медонем, ки дар минтақаҳои мухталифи олам роҳандозӣ мешаванд ва  боиси нооромии ҷиддӣ дар ин минтақаҳо мегарданд, – гуфтааст Путин.  – Албатта,  мо ба чунин амалҳо набояд роҳ диҳем, Россия бо ҳар роҳу восита бояд   шарикони худро аз Созмон пуштибонӣ кунад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.