АНОНС
– Дар Суди олии Тоҷикистон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи Абдуқосим Норматов оғоз мегардад, ки издивоҷ бо духтарро рад намуда, бо дӯсташ ӯро кушт ва сипас ҷасади ӯро оташ зад;
– Дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 09-00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.4891 сомонӣ;
1 евро – 9.0112 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1553 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи кормандони Хадамоти оташнишонӣ.
2000 – Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуда, дар он раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуд.
2012 — Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии технологии «МИСиС» (Донишкадаи оҳан ва хӯла) дар Душанбе.
1913 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1961-1973) Абдулаҳад Қаҳҳоров.
1923 – Зодрӯзи олими таърихшинос, академик Борис Литвинский.
1927 – Мавлуди нависанда ва драматург Аъзам Сидқӣ.
1934 – Зодрӯзи раққоса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зуҳро Каримова.
1946 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Фирӯз Шукуров.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +10+12 рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.


