Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Суди олии Тоҷикистон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи Абдуқосим Норматов оғоз мегардад, ки издивоҷ бо духтарро рад намуда,  бо дӯсташ ӯро кушт ва сипас ҷасади ӯро оташ зад; – Дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 09-00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор […]

АНОНС

– Дар Суди олии Тоҷикистон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи Абдуқосим Норматов оғоз мегардад, ки издивоҷ бо духтарро рад намуда,  бо дӯсташ ӯро кушт ва сипас ҷасади ӯро оташ зад;

– Дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 09-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4891 сомонӣ;

1 евро – 9.0112 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1553 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони Хадамоти оташнишонӣ.

 2000 – Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуда, дар он раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуд.

2012 — Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии технологии «МИСиС» (Донишкадаи оҳан ва хӯла) дар Душанбе.

1913 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1961-1973) Абдулаҳад Қаҳҳоров.

1923 – Зодрӯзи олими таърихшинос, академик Борис Литвинский.

1927 – Мавлуди нависанда ва драматург Аъзам Сидқӣ.

1934 – Зодрӯзи раққоса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зуҳро Каримова.

1946 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Фирӯз Шукуров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +10+12 рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.