Тасдиқи далели худкушӣ назди бинои шаҳрдории Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон далели худкушӣ назди бинои мақомоти шаҳрдории пойтахтро тасдиқ намуда, вале сабаби ба ин амал даст задани ин мардро дигаргуна унвон кард. Дар раддияи ВКД Тоҷикистон қайд мешавад, ки нимаи дуюми рӯзи 11 апрел Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29.03.1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қисми пеши гарданашро […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон далели худкушӣ назди бинои мақомоти шаҳрдории пойтахтро тасдиқ намуда, вале сабаби ба ин амал даст задани ин мардро дигаргуна унвон кард.

Дар раддияи ВКД Тоҷикистон қайд мешавад, ки нимаи дуюми рӯзи 11 апрел Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29.03.1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қисми пеши гарданашро бурида, ба беморхонаи марказии шаҳраки тиббӣ бистарӣ гаштааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа маълум гардид, ки аз соли 2014 бо се фарзанд бинобар муноқишаҳои доимӣ аз ҳамсараш Муминова Шаҳноза ҷудо шуда, бо сохторҳои давлатӣ мунтазам муроҷиат кардааст.

«Дар ин давом Шарипов Ҳ. дар натиҷаи муноқишаҳо бо модарарусаш Улматова Эътибор хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, – омадааст дар раддия. – Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштанаш кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуда, ҳоло дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад».

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дошта, ҳодисаи рухдода аз рӯи ахбороти паҳншуда ба ронандаи таксӣ ягон алоқамандӣ надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.