Боздошти созмондеҳи амали террористӣ дар метрои Петербург

Asia-Plus

Хадамоти федералии амнияти Русия созмондеҳи амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро дар вилояти Маскав боздошт намудааст, ки  аз ӯ зодаи минтақаи Осиёи Марказӣ Аброр Азимов ном бурда мешавад. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ террористи маргталаб Акбарҷон Ҷалиловро омода кардааст.

«Айни замон Аброр Азимов ҷиҳати анҷоми амалҳои тафтишотӣ ба Кумитаи тафтишоти Русия оварда шудааст», – қайд мешавад дар маълумоти Хадамоти федералии амният.

Таъкид мешавад, ки Азимов соли 1990 таваллуд шуда, зодаи Осиёи Марказӣ аст. Дар навори видеои аз ҷониби хадамот сабтшуда боздошти Азимов ва мусодираи таппонча аз ӯ дида мешавад.

Қаблан роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников изҳор дошта буд, ки муҳоҷирони корие, ки аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия меоянд, асоси гурӯҳҳои террористии дар ин кишвар амалдоштаро ташкил мекунанд.

Нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 15 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.

Бино ба маълумоти тафтишот, террористи маргталаб, ки ҳангоми таркиш дар метрои Петербург ҳалок шуд, зодаи шаҳри Оши Қирғизистон ӯзбеки этникӣ Акбарҷон Ҷалилов аст. Баъдан маълум шуд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=WIq1Bhieo_4

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани яке аз боздоштшудагон ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...