Узри «Сомон Эйр» аз мусофирон барои эҷоди нороҳатӣ

Изҳороти расмӣ

Дар таърихи 14 апрел, пеш аз парвози ҳавопаймои Боинг 737-900 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Хуҷанд дудолудшавии дохили ҳавопаймо зоҳир гардид.

Дар изҳороти расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита гуфта мшавад, сабаби дудолудшавӣ воситаи шустушӯй гаштааст, ки ҳангоми иҷрои корҳои нақшавӣ, дар ҳолати қабл аз парвоз тоза кардани муҳаррик истифода шуда буд.

«Дар доираи гузаронидани тафтишот муайян гашт, ки омехтаи боқимондаи маҳсулоти тозакунӣ тавассути муҳаррик ба системаи гарму хунуккунии ҳавои дохили ҳавопаймо ворид гаштааст, ки боиси дудолудшавӣ ва бӯй дар дохили ҳавопаймо ва кабинаи ҳавонавардон шуд», – омадааст дар изҳорот.

Қайд мешавад, ки дар натиҷа сарҳавонаварди ҳавопаймо мувофиқи дастурамал қарори дахлдор қабул кард ба таваққуфгоҳ баргардад ва фавран оиди ин ҳодиса гурӯҳи роҳбаладонро огоҳ намуд. Роҳбаладон дар навбати худ мувофиқи дастурамал бо мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, эълон карданд, ки ҳавопаймо ба таваққуфгоҳ бармегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи мусофирон чанд соат пас тавассути дигар ҳавопаймои ширкат ба Хуҷанд интиқол дода шуданд. Ҳайати парвозии ширкати ҳавопаймоӣ корҳоро мувофиқи стандартҳои пешбинишуда иҷро карданд. Ҳайати техникии ширкат, ҳавопаймои Боинг 737-900-ро тафтиш намуда, дуд ва бӯйро ошкор накарданд. Ҳавопаймо рӯзи дигар парвозро идома дод.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд (14 апрел) узр пурсида, барои ҳамдигарфаҳмӣ миннатдории худро иброз медорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...