Муноқишаи оромгоҳи Хованскоеро ба беамалии мансабдорон нисбат медиҳанд

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба муноқиша дар оромгоҳи Хованское рӯзи 14 майи соли 2016 расман хотима ёфта, лекин воқеъан то анҷоми пурраи он ҳоло фурсати зиёд лозим аст. Дар ин парванда 16 нафар айбдор карда шуда, дар ҳамин ҳол, мавод нисбати роҳбарони оромгоҳ ва мансабдорони департаменти бозори истеъмолии Маскавро муфаттишон дар истеҳсолоти алоҳида баррасӣ мекунанд. […]

Asia-Plus

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба муноқиша дар оромгоҳи Хованское рӯзи 14 майи соли 2016 расман хотима ёфта, лекин воқеъан то анҷоми пурраи он ҳоло фурсати зиёд лозим аст.

Дар ин парванда 16 нафар айбдор карда шуда, дар ҳамин ҳол, мавод нисбати роҳбарони оромгоҳ ва мансабдорони департаменти бозори истеъмолии Маскавро муфаттишон дар истеҳсолоти алоҳида баррасӣ мекунанд.

Нашрияи русиягии «Известия» дар ин робита менависад, мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки муноқишаи рухдода мустақиман ба беамалии мансабдорон марбут буда, нақши роҳбарони муассисаи «Ритуал» ва мансабдорони департаменти савдо ва хизматрасонии шаҳрдории Маскав, ки корхонаи «Ритуал» маҳз ба ҳамин департамент тобеъ аст, алоҳида баррасӣ мешавад.

Сардори гурӯҳи тафтишотӣ Левон Агаджанян ба нашрия хабар додааст, ки бо далелҳои ҷамъоваришуда ба шахсоне, ки аз беамалии онҳо ин фоҷеа рух дод, айбнома пешниҳод кардан муяссар хоҳад шуд.

Айни замон аз рӯйи ин парванда ба 16 нафар айбнома пешниҳод гардидааст, ки миёни онҳо метавон бахусус сардори шуъбаи хизматгузории дафни №3-и Муассисаи давлатии буҷетии «Ритуал»-и Маскав Юрий Чабуев, собиқ корманди пулис Никита Мошенко ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро зикр кард. Онҳо ба ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 майи соли 2016 бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия  нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон , ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

https://www.youtube.com/watch?v=lHA-zm6-jBY

Сафорати Тоҷикистон дар Русия  дар ин робита изҳор намуд , ки баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, мусоидат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.