Боздошти 3 нафар барои ҳамлаи ғоратгарона ба НФС дар ноҳияи Айнӣ

Ба гумони даст доштан дар ҳамлаи ғоратгарона ба яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд 3 нафар боздошт шуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки боздоштшудаҳо марди 28-солаи қаблан бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Русия судшуда, марди 21-солаи донишҷӯ, сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва […]

Asia-Plus

Ба гумони даст доштан дар ҳамлаи ғоратгарона ба яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд 3 нафар боздошт шуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки боздоштшудаҳо марди 28-солаи қаблан бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Русия судшуда, марди 21-солаи донишҷӯ, сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе мебошанд.

«Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон бо маслиҳати пешакӣ тахминан соати 02:00-и, шаби 24 ба 25-уми январи соли 2017 бо ниқоб ва олоти оҳанин ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”-и деҳаи Работи ноҳияи Айнӣ ворид шудаанд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, сипас, онҳо шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 24-солаи сокини ноҳияи Айниро латукӯб ва бо банд дастҳояшонро баста, 24 ҳазор сомониро ғорат мекунанд.

«Онҳо ҳамчунин ду адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Nokia N-8” ва “Samsung G-2”, таҷҳизотҳои сабткунандаи мушоҳидавиро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, – қайд мешавад дар хабар. – Зарари расонидашуда 27 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад».

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.