Ҳалокати як нозири САҲА дар вилояти Лугански Украина

Date:

Дар вилояти Лугански Украина, ки ҳоло аз идораи Киев хориҷ аст, субҳи якшанбе як нозири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба ҳалокат расида, ҳамкоронаш захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора намояндаи маъмурияти вижаи САҲА дар Украина 23 апрел дар "Фейсбук" хабар додааст. САҲА ҳамчунин изҳор доштааст, ки бо нозирони маъмурияти ӯ, ки бо ду мошини зиреҳпӯш дар наздикии минтақаи аҳолинишини Пришиби Луганск давр мезаданд, ҳодисаи нохуш рух дод.

"Дар натиҷа як нозир ҷон бохта, ду тани дигар барои расонидани ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол дода шуданд", – омадааст дар иттилоияи САҲА.

Бино ба хабари расонаҳо, намояндагони ҷумҳурии худхондаи Луганск гуфтаанд, ки нозири ба ҳалокат расида шаҳрванди Амрико аст. Вале ин хабар расман тасдиқ нашудааст.

Деҳаи Пришиб, ки дар он ҳодисаи мазкур рух дод, бо минтақаҳои ишғолӣ ҳаммарз буда, се минтақаи аҳолинишин — Соколники, Славяносербск (минтақаҳои ишғолии Луганск) ва Трёхизбенка (минтақаи зери идораи нерӯҳои ҳукумати Украина"-ро ба ҳам мепайвандад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...