Интихоботи Фаронса: Фийон бохташро эътироф ва ба ҷонибдории Макрон даъват кард

Номзад аз «Ҷумҳурихоҳон» Франсуа Фийон бохташро дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса эътироф карда, эълом доштааст, ки дар даври дуюм ба ҷонибдории пешсафи маърака тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ Эммануэл Макрон овоз медиҳад. Тибқи маълумоти аввалия, натиҷаҳои пурсиш дар баромадгоҳ аз қитъаҳои интихоботӣ нишон додаанд, ки дар давраи аввали маъракаи интихоботии Фаронса бо касби ҳудуди 24%-и овозҳо […]

Asia-Plus

Номзад аз «Ҷумҳурихоҳон» Франсуа Фийон бохташро дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса эътироф карда, эълом доштааст, ки дар даври дуюм ба ҷонибдории пешсафи маърака тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ Эммануэл Макрон овоз медиҳад.

Тибқи маълумоти аввалия, натиҷаҳои пурсиш дар баромадгоҳ аз қитъаҳои интихоботӣ нишон додаанд, ки дар давраи аввали маъракаи интихоботии Фаронса бо касби ҳудуди 24%-и овозҳо Эмммануэл Макрон пешсаф будааст.

Баъди Макрон натиҷаи дуюмро бо ба даст овардани 22%-и овозҳо пешвои «Ҷабҳаи мардумӣ» Ле Пен ишғол намуда, акнун дар даври дуюм бо Макрон рақобат мекунад.

Номзад аз «Ҷумҳурихоҳон» Франсуа Фийон наздики 20%, Жан-Люк Меланшон ҳам ҳамин миқдор ва намояндаи Ҳизби сотсиалистӣ Бенуа Амон 6,5% овозҳоро ба даст овардаанд.

Бенуа Амон ҳам натиҷаҳои аввалияро эътироф намуда, аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки дар даври дуюм ба ҷонибдории Макрон раъй диҳанд, то ки бар «Ҷабҳаи мардумӣ»пирӯзӣ ба даст оварда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ