Суд қонунӣ будани ҳабси тоҷикистонии гумонбар ба таркиш дар метроро месанҷад

Суди шаҳри Маскав қонунӣ будани ҳабси гумонбар ба амали террористӣ дар метрои Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқовро месанҷад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. Суди яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав Ортиқовро то 3 июн ҳамчун яке аз гумонбарон ба амали террористӣ дар Петербург то 3 июн ба ҳабс гирифта, ӯ дар Маскав дарҳол баъди […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Маскав қонунӣ будани ҳабси гумонбар ба амали террористӣ дар метрои Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқовро месанҷад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Суди яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав Ортиқовро то 3 июн ҳамчун яке аз гумонбарон ба амали террористӣ дар Петербург то 3 июн ба ҳабс гирифта, ӯ дар Маскав дарҳол баъди амали террористӣ ҳамроҳ бо Шоиста Каримова боздошт шуда буд.

Баъдан аз рӯи далели таркиш дар метро боз 6 нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов ва Муҳамадюсуф Мирзоолимов низ боздошт шуданд.

Ортиқови аз рӯи ин парванда боздоштшуда дар суд айбномаҳои нисбаташ пешниҳодшударо эътироф накард. Сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯро тасдиқ кард.

Баъдтар Хадамоти федералии амният дар бораи боздошти яке аз созмондиҳандагони эҳтимолии амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург – Аброр Азимов дар вилояти Маскав хабар дод. Ӯ ба омода кардани иҷрокунандаи бевоситаи амали террористӣ Акбарҷон Ҷалилов гумонбар дониста мешавад.

Баъди чанде Хадамоти мазкур дар бораи боздошти бародари калонии Азимов – Акрам хабар дод. Ӯ ба гумони кумак ҷиҳати интиқоли пулҳои истифодашуда барои омодасозии амали терористӣ ва ташкили робита бо террористони байнулмилалӣ боздошт шудааст.

Нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 16 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ