Ҳалокати як нозири САҲА дар вилояти Лугански Украина

Дар вилояти Лугански Украина, ки ҳоло аз идораи Киев хориҷ аст, субҳи якшанбе як нозири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба ҳалокат расида, ҳамкоронаш захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора намояндаи маъмурияти вижаи САҲА дар Украина 23 апрел дар "Фейсбук" хабар додааст. САҲА ҳамчунин изҳор доштааст, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар вилояти Лугански Украина, ки ҳоло аз идораи Киев хориҷ аст, субҳи якшанбе як нозири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба ҳалокат расида, ҳамкоронаш захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора намояндаи маъмурияти вижаи САҲА дар Украина 23 апрел дар "Фейсбук" хабар додааст. САҲА ҳамчунин изҳор доштааст, ки бо нозирони маъмурияти ӯ, ки бо ду мошини зиреҳпӯш дар наздикии минтақаи аҳолинишини Пришиби Луганск давр мезаданд, ҳодисаи нохуш рух дод.

"Дар натиҷа як нозир ҷон бохта, ду тани дигар барои расонидани ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол дода шуданд", – омадааст дар иттилоияи САҲА.

Бино ба хабари расонаҳо, намояндагони ҷумҳурии худхондаи Луганск гуфтаанд, ки нозири ба ҳалокат расида шаҳрванди Амрико аст. Вале ин хабар расман тасдиқ нашудааст.

Деҳаи Пришиб, ки дар он ҳодисаи мазкур рух дод, бо минтақаҳои ишғолӣ ҳаммарз буда, се минтақаи аҳолинишин — Соколники, Славяносербск (минтақаҳои ишғолии Луганск) ва Трёхизбенка (минтақаи зери идораи нерӯҳои ҳукумати Украина"-ро ба ҳам мепайвандад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.