Идомаи гуфтушунидҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ дар Маскав

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон имрӯз ба Маскав сафар карда, пагоҳ баъди таваққуф гуфтушунидҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон идома меёбанд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳои рӯзи 25 апрел дар Маскав муовини вазири наклиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода роҳбарӣ мекунад.

Масъалаи асосии гуфтушунид мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон аз 7 адад парвозаш ба шаҳри Маскав маҳрум шуд.

Муовини вазири нақлиёти Русия Валерий Окулов рӯзи 13 апрел ба рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки гуфтушунидҳои Русия ва Тоҷикистон оид ба алоқаи ҳавоӣ ба муддати 10 рӯз ба таъхир гузошта шуда, санаи 22 апрел дубора аз сар гирифта мешаванд.

Русия аз 3 апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр»-ро аз Душанбе ба Маскав (4 парвоз дар 1 ҳафта) ва Хуҷанд (3 парвоз дар 1 ҳафта) маҳдуд карда, Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошт, ки ин тасмим дар посух ба аз ҷониби Тоҷикистон рад шудани мувофиқа бо ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ҷиҳати амалисозии парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав гирифта шудааст.

Тоҷикистон низ дар посух ба ин амал аз 6 апрел ба парвозҳои ширкатҳои русиягии "ЮТэйр" ва "Уралские авиалинии" ба ҷумҳурӣ маҳдудият ҷорӣ карданӣ буд, ки ба 3 парвози "ЮТэйр"  ба Хуҷанд ва 4 парвози "Уралские авиалинии" ба Душанбе дахл дошт, вале ин маҳдудият ҷорӣ нашуда, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки баҳсро сари мизи гуфтушунид ҳал мекунанд ва Вазорати нақлиёти Русия ҳамтоҳои тоҷики худро барои гуфтушунид ба Маскав даъват кард.

Баҳсҳо миёни мақомоти марбутаи Тоҷикистону Русия оид ба алоқаи ҳавоӣ ҳанӯз аз соли гузашта идома дошта, моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский» ба Тоҷикистон иҷозат надод ва дар навбати худ, Русия ба парвози ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.

Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.

Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия хостори парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...