ВКХ Британия Тоҷикистонро яке аз кишварҳои хатарнок барои сафар номид

Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир дар қатори Алҷазиру Эрон ва Судон, Русияро низ яке аз кишварҳои бештар хатарнок барои сафари сайёҳон арзёбӣ мекунад. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба рӯзномаи Independent хабар медиҳанд. Дар баробари Русия ва боз 38 кишвар Тоҷикистон ба сафи кишварҳое дохил шуд, ки идораи сиёсати хориҷии Британия барои сафар […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир дар қатори Алҷазиру Эрон ва Судон, Русияро низ яке аз кишварҳои бештар хатарнок барои сафари сайёҳон арзёбӣ мекунад. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба рӯзномаи Independent хабар медиҳанд.

Дар баробари Русия ва боз 38 кишвар Тоҷикистон ба сафи кишварҳое дохил шуд, ки идораи сиёсати хориҷии Британия барои сафар ба ин кишварҳо ба шаҳрвандони худ тавсия намедиҳад.

Миёни ин кишварҳо ба ҷуз Русия ва Тоҷикистон, Украина, Гурҷистон, Уганда, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Арманистон ва Ангола низ ҳузур доранд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Британия қотеъона мухолифи сафари шаҳрвандони худ ба Афғонистон, Яман, Ироқ, Тунис ва Сомали мебошад.

Кишварҳои аз ҳама амну бехатар барои сафар Австралия, кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Осиё, Аврупо ва Африқои Ҷанубӣ номида шудаанд.

Ғайр аз ин, ҳукумати Британияи Кабир дар сомонаи худ доир ба сафар ба қаламравҳои хатарнок роҳнамо ба нашр расонидааст.

Мувофиқи он, дар Русия ба бритониёҳо наздикшавӣ ба марз бо Украина, боздид аз Қрим ва Қафқоз тавсия дода намешавад. Ҳамчунин ба шаҳрвандони Шоҳигарии Муттаҳида бодиққат будан дар кӯчаҳои шаҳрҳои Русия ва дур будан аз издиҳоми мардум маслиҳат дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ