Раҳпаймоии «Полки ҷовидон» дар шаҳри Душанбе

Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорони ҷангу меҳнат рӯзи 9 май баргузор намудани чорабинӣ (аксия)-и «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар шаҳри Душанберо ба нақша гирифтаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин чорабинии тантанавӣ, ки бори нахуст дар сатҳи давлатӣ доир мегардад, субҳи рӯзи 9 май дар майдони 800-солагии Маскави […]

Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорони ҷангу меҳнат рӯзи 9 май баргузор намудани чорабинӣ (аксия)-и «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар шаҳри Душанберо ба нақша гирифтаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин чорабинии тантанавӣ, ки бори нахуст дар сатҳи давлатӣ доир мегардад, субҳи рӯзи 9 май дар майдони 800-солагии Маскави пойтахт оғоз гардида, тариқи хиёбони Рӯдакӣ раҳпаймоӣ мекунад ва дар Боғи Ғалаба ба итмом мерасад.

Ҳадафи аслии ташкили гузашту раҳпаймоиҳо дар доираи чорабинии «Полки ҷовидон» ҳифзу нигаҳдории хотираи насли замони ҷанг дар ҳар як оила аст.

Ташкилкунандагони чорабинӣ аз ҳама дархост доранд, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандон бо акси бобову падарон, хешовандону дӯстон ва ҳамсафонашон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, коргарони ақибгоҳ, асирони мубориз барои зинда мондан дар конслагерҳо иштирок карда метавонанд.

Аз Маркази илму фарҳанги Русия «Россотрудничество» хабар доданд, ки ба кумак ҷиҳати омода кардани аксу суратҳо омодаанд. Барои аксу суратҳое, ки иштирокчиёни чорабинӣ дар дасташон бо онҳо раҳпаймоӣ мекунанд, меъёру андозаи муайян муқаррар нашудааст. Муҳимаш – акси собиқадор, ному насаб ва ҳамчунин унвон (рутба)-и ӯ (агар маълум бошад) мавҷуд бошад.

Аллакай 20 нафар бо дархости омода кардани аксҳои наздикону пайвандонашон, ки солҳои ҶБВ муқобили Олмони фашистӣ ҷангидаанд, ба «Россотрудничество» муроҷиат кардаанд.

Дар чорабинии соли гузаштаи «Полки ҷовидон», ки бори нахуст дар майдони Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе, назди яке аз рамзҳои Ғалаба – танки ИС-2  доир гардида буд, беш аз 100 нафар иштирок карданд. Имсол ин иқдомро дар сатҳи давлатӣ баргузор карданианд.

Қобили зикр аст, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи кишвар 270 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.