Духтари тоҷик Сафири Фахрии Сулҳ шуд

Ёсуман Холова, моделдухтари тоҷикро симои расмии ширкати SRT-и Кореяи Ҷанубӣ интихоб карданд. Ба ӯ ҳамчунин сертификати Сафири Сулҳ супурда шуд. Ёсуман Холоваи 19-сола дар қатори боз 5 нафар иштирокчиёни озмуни касбии зебоӣ ва истеъдоди Miss SuperTalent of the World симои расмии ширкати SRT – қатораҳои зудҳаракаттарин (эспресс-поезд)-и Кореяи Ҷанубӣ интихоб шуд. Директори New Era Model […]

Asia-Plus

Ёсуман Холова, моделдухтари тоҷикро симои расмии ширкати SRT-и Кореяи Ҷанубӣ интихоб карданд. Ба ӯ ҳамчунин сертификати Сафири Сулҳ супурда шуд.

Ёсуман Холоваи 19-сола дар қатори боз 5 нафар иштирокчиёни озмуни касбии зебоӣ ва истеъдоди Miss SuperTalent of the World симои расмии ширкати SRT – қатораҳои зудҳаракаттарин (эспресс-поезд)-и Кореяи Ҷанубӣ интихоб шуд.

Директори New Era Model Studio Ниссо Қаюмова, ки Ёсуманро дар сафар ҳамроҳӣ мекунад, дар саҳифаи худ хабар додааст, ки дар вазъи тантанавӣ ба Ёсуман Холова сертификати Сафири Сулҳро тақдим кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 23 апрел дар Сеул мавсими 8-уми озмуни касбии ҷаҳонии зебоӣ ва истеъдод – Miss SuperTalent of the World оғоз гардид, ки соли равон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён дорад. Тоҷикистон бори дуюм дар ин озмуни иштирок карда, имсол кишвари моро модели 19-сола Ёсуман Холова намояндагӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи марти соли равон дар Чин озмуни зебоӣ ва истеъдоди «Miss Oriental Tourism Pageant 2017» баргузор шуд, ки аз 60 кишвари ҷаҳон иштирокчиёни синни аз 18 то 26-соларо гирдиҳам овард. Тоҷикистонро дар ин озмуни модели агентии «Новая Эра» Ёсуман Холова намояндагӣ карда, баъди намояндаи Португалия Ана Коаудия Орнелас Бомфим (Ana Claudia Ornelas Bomfim) зинаи дуюмро ишғол намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.