Президент ба собиқадорони ҶБВ 3 ҳазор сомонигӣ кумак мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ медиҳад.

Ин кумаки президентро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, раҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба собиқадорон тақдим мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ғайр аз ин, сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додааст, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорону коргарони ақибгоҳ кумак расонанд.

Бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 448 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 5 нафар афроди дар муҳосираи Ленинград қарордошта зиндагӣ мекунанд.

Калонсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Додарҷон Умаров 117-сола аст, ки дар Вахш зиндагӣ мекунад. Хурдсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Леокадия Ковтун 90-сола буда, дар Душанбе иқомат дорад.

Яке аз собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистон Олег Соболев бо даъвати ҳукумати Русия дар гузашти низомии рӯзи 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Маскав ба муносибати 72-солагии Ғалаба иштирок мекунад.

Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба аввали соли 2017 дар Тоҷикистон 526 нафар собиқадорони ҶБВ (аввали соли 2015 – 926 нафар) дар ҳаётанд. Имрӯз шумори  онҳо то 448 нафар кам шудааст.

Солҳои ҶБВ 270 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, ҳар кадоме аз 4 нафари онҳо то Рӯзи Ғалаба зинда намонд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...